Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 04.03.2021 11:55:16
  • Просмотров

Image Description

Имрӯз 26 январи соли 2021, соати 10.00 пагоҳӣ кормандони Муассисаи давлатии Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, Муассисаи давлатии Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва Муассисаи давлатии Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулияти баланди сиёсӣ Пайёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамошо намуда тамоми мафҳум ва мароми онро ҷиҳати ҷалб намудани грантҳо аз сармояҳои хориҷӣ мо кормандони соҳаи табиатшиносӣ ҳамчун вазифаи касбӣ барои беҳдошти экологӣ ба воситаи таҳияи лоиҳаҳо барои татбиқи Паёми Пешвои миллат ба нақшаҳои кории фаъолияташон ворид намуда ба амалҳо арзишманд ба ҷашни 30-солагии истиқлолият мебахшем. Зимни ироаи Паём оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва сайёҳӣ, рушди илмҳои табиатшиносӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуда, барои мо кормандони соҳаи табиатшиносӣ ҳамчун дастур дар  фаъолияти корбарии ҳаруза ба руҳбаландӣ қабул намуданд. Аз он ҷумла муроҷиати Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ ба олимон ва пешниҳоду дастурҳо дар соҳаи рушди илмҳои табиатшиносӣ хеле барои муассисаи мо муфид буда мо олимонро барои кашфиётҳои нав хеле руҳбаланд гардонид. Ин рисолатро ба мардуми Тоҷикистон муборакбод бояд гуфт, ки мо ба ин сатҳи баланди илмию фарҳангӣ расидем. Мо кормандони Марказҳои зерсохтори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалигардонии Паёми Пешвои миллатро ҳамчун уҳдадорӣ ба нақшаҳои кориамон ворид намуда бо ифтихор иҷро менамоем.