ЛАБОРАТОРИЯИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТИИ ҲИФЗИ ТАБИАТ
Муассисаи давлатии «Лабораторияи илмию тадқиқотии ҳифзи табиат», (ЛИТҲТ) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 189 аз 24 апрели соли 2008 дар асоси номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсист ёфтааст.
ЛИТҲТ муассисаи илмию тадқиқотии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, буда бо мақсади омӯхтан ва асоснок намудани фаъолиятҳои ҳифзи табиат, экология, истифодаи самараноки табиат таъсис дода шуда, мутобиқи Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муассисаҳои давлатӣ фаъолияташро амалӣ месозад.
Мақсади асосии ЛИТҲТ, асонок намудан ва пешгӯи кардани фаъолиятҳои ҳифзи табиат ва истифодаи табиат бо шумули нақшаву барномаҳо, ояндабинии экологӣ ва фаъолиятҳои ҳифзи муҳити зист мебошанд.
ВАЗИФАҲОИ ЛАБОРАТОРИЯИ ҲИФЗИ ТАБИАТ
-
омӯхтани таъсири фишори антропогенӣ ба ҳолати экосистемаҳои табиӣ;
-
баҳисобгирии намудҳои эндемикӣ;
-
иштирок ва гузаронидани мониторинги ҳолати экосистемаҳо;
-
тартиб додани харитаҳои экологӣ;
-
таҳия намудани маҳзани маълумотҳои илмӣ доир ба экология ва ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиат дар ҳолати ивазшавии иқлим;
-
гузаронидани тадқиқотҳои омӯзишӣ дар маҳалҳо доир ба омӯхтани захираҳои табиӣ ва ҳолати онҳо;
-
иштирок дар экспертизаҳои миллӣ ва минтақавии экологӣ;
-
ба чоп расонидани натиҷаи корҳо дар асарҳои илмӣ, монографияҳо ва дигар сарчашмаҳои илмӣ-техникӣ;
-
таҳияи барномаҳои илмӣ-тадқиқоти доир ба ҳифзи табиат ва экология;
-
иштирок дар иҷрои барномаҳои ҷаҳонӣ, минтақавии илмӣ-экологӣ;
-
ташкили конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар доир ба корҳои экологӣ ва ҳифзи табиат;
-
таҳияи ҳуҷҷатҳои илмӣ-таҷрибавӣ, методикӣ, лоиҳавӣ, ки ба истифодабарии оқилонаи табиат, принсипҳои ҳифз ва беҳдошти захираҳои табиӣ равона шудаанд;
-
дар доираи имкониятҳои молиявӣ корҳои интишориро, ки ба хилофи қонунҳо нестанд, анҷом медиҳад.