Қонунгузорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳукуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ БИОЛОГӢ"
(аз таҳрири Қонун аз от 30.07.2007с., №330)
Боби I. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур намудҳои фаъолияти вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истифода бурдан, воридот, содирот, истеҳсол ва фурӯши организмҳои бо истифодаи усули биотехнологияи замонавӣ аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро танзим намуда, ба кам намудани хавфи таъсири номатлуби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба саломатии инсон, гуногунии биологӣ, мувозинати экологӣ ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
организм-тамоми мавҷудоти зиндае, ки қобилияти дучандшавии маводи генетикиро доро мебошад;
организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - ҳар гуна организм, ба истиснои организми инсон, ки маводи генетикиаш бо роҳҳои ғайри дурагакунӣ ё ба таври ғайри табиии дучандшавӣ тағйир дода шудааст;
микроорганизм - организмҳои зиндаи хурд, ки дар табиат паҳн гардидаанд ва суръати баланди афзоиш ва паҳншавӣ дошта, ба гузаронидани маводи генетикӣ қобилият доранд;
биотехнологияи ҳозиразамон - истифодаи усулҳои навшудаи кислотаҳои нуклеинӣ ва усулҳои омехташавии ҳуҷайраҳо, ки аз усулҳои хоси селексия ва беҳтаркунии навъҳо фарқ намуда, монеаҳои табиии такрористеҳсолкунӣ ё усулҳои навшударо бартараф месозад;
истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - фаъолият ё маҷмӯи намудҳои фаъолияте, ки мақсади он ба даст овардан ва ба фурӯш баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, аз ҷумла таҳқиқ, озмоиш ва ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии онҳо мебошанд;
истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд - ҳар кадом амалиёте, ки дар рафти он микроорганизмҳо (организмҳо) дар фазо ё муҳити маҳдуди ҷудо карда ва таҳти назорат қарорёфта бо истифодаи чораҳои махсуси ҷудокунӣ барои маҳдуд ё истисно кардани робитаи чунин организмҳо бо одамон ва муҳити зист аз ҷиҳати генетикӣ тағйир меёбанд ё организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта парвариш ва афзоиш меёбанд, ҷамъ мешаванд, истифода мегарданд, интиқол ва нобуд сохта ва ё безарар гардонида мешаванд;
истифодабаранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурӯхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ё кушода, инчунин бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурӯхтани маҳсулоти аз ин организмҳо ҳосилшуда масъул аст ва ба амал мебарорад;
ворид намудани мақсаднок ба муҳити зист - дидаю дониста ба муҳити зист ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки қабули чораҳои махсуси ҷудокуниро тақозо намекунанд ва бо дараҷаи баланди бехатарӣ барои одамон ва муҳити зист фарқ мекунанд;
ворид намудани беғаразона ба муҳити зист- ҳар ҳодисаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки натиҷаи ғаразнок надошта бошад;
воридсозӣ ба бозор- таҳвилдиҳии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба музд ё ба таври ройгон ба тарафи сеюм;
садама - ҳодисае, ки боиси беғаразона ба муҳити зист ворид намудани микроорганизмҳои (организмҳои) зиёд дар рафти истифодаи онҳо дар системаҳои маҳдуд гардида, барои саломатии одамон ва муҳити зист оқибатҳои фаврӣ ё минбаъда дошта метавонад;
маҳсулоти истеҳсолшуда аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - маҳсулоте, ки аз як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо иборат аст ё дорои як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо буда, ба бозор ворид карда мешавад;
маҳсулоти коркардшуда - маҳсулоте, ки бо роҳи коркарди организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, баъзе қисмҳои онҳо ё баъзе метаболитҳо (мубодилаи моддаҳо) ва моддаҳои ҳосилкардаи онҳо ба даст оварда шудааст;
маҳсулоти тозашуда - маҳсулоте, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо роҳи коркард, тозакунӣ ба даст оварда шудааст (масалан: инсулин, энзимҳои гуногун, равған ва монанди инҳо);
санҷиши саҳроӣ - таҷрибае, ки аз омӯзиши организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар шароити саҳро иборат буда, дар зери назорат қарор дорад ва боварӣ ҳаст, ки ин организмҳо баъди ба итмом расидани таҷриба дар муҳит боқӣ намемонанд;
парвариш, истеҳсол дар шароити саҳро, паҳншавӣ ба ҳудудҳо - ба муҳити зист мақсаднок ворид сохтани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо мақсади парвариш, истеҳсол ё афзоиш додан, ки аллакай хусусият ва мақсади таҷрибавӣ надорад;
баҳодиҳии хатар - арзёбии оқибатҳои бевоситаю бавоситаи фаврӣ ё минбаъдаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё қисми таркибии онҳо барои саломатии одамон ва муҳити зист;
танзими хатар - таҳия ва истифодаи маҷмӯи чорабиниҳо барои амалӣ шудани мониторинги хатар ва чораҳое, ки дар сурати рӯй додани садама андешида мешаванд;
интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - бо ҳар гуна роҳ гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда аз ҳудуди як давлат ба ҳудуди давлати дигар;
интиқоли байнисарҳадии мақсаднок - ҳар гуна амалиёти содиротию воридотии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки бо иҷозати мақомоти салоҳиятноки давлатӣ мутобиқи қоидаҳои миллӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад;
интиқоли байнисарҳадии беғаразона - надониста аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки оқибати он бояд аз нуқтаи назари бехатарии биологӣ ва бехатарии саломатии одамон бо дидани чораҳои дахлдор арзёбӣ карда шавад;
воридкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, воридотро ба амал мебарорад ва воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;
содиркунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, содиротро ба амал мебарорад ва содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;
огоҳнома - ҳуҷҷатест, ки тавассути он шахс дар бораи фаъолияте, ки амалӣ мегардонад, бо мақсади гирифтани иҷозат Комиссияи миллиро оид ба бехатарии биологӣ огоҳ месозад;
минтақаи бехатарии генетикӣ - ҳудуде, ки дар он ба ягон фаъолияти вобаста ба истифодабарии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта роҳ дода намешавад;
маводи генетикӣ – маводҳое, ки аз организмҳои зиндаи тағйирдодашудаи алоҳида, ё дар натиҷаи комбинатсияи якчанд организмҳои зиндаи ба таври генетикӣ тағйирдодашуда ба вуҷуд оварда шудаанд;
инженерияи генӣ – фаъолияте, ки бо усули нави биотехнологӣ таркиби наслии организмҳои зиндаро дигаргун намуда, организмҳои сифатан навро ба вуҷуд меорад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳукуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Фаъолияти вобаста ба бехатарии биологӣ
Муқаррароти Қонуни мазкур ба намудҳои фаъолияте, ки ба ин масъалаҳо алоқаманданд, татбиқ мешавад:
- дар системаҳои сарбаста бо мақсадҳои гуногун ба даст овардан, афзоиш додан, воридоту содирот намудан, санҷидан ва истифода бурдани микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвоноти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи тарзу усулҳои биотехнологияи замонавӣ;
-
ба муҳити зист ва ба бозор ворид сохтани мақсадноки организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ, аз ҷумла ҳар гуна таркиби зиндае, ки онҳо ба такрористеҳсолкунии организмҳо қобиланд, аз қабили тухмӣ, бехмева, қаламча, гарди гул ва ғайра;
-
беғаразона ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба муҳити зист;
-
ба муҳити зист ва бозор ворид намудани мақсадноки маҳсулоти коркардшуда, ки дорои организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё қисматҳои ғайризиндаи организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёбанда дар намуди коркардшуда ё коркарднашуда;
-
ҳамаи намуди тадқиқоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, аз ҷумла тадқиқоти лабораторӣ, клиникӣ, саҳроӣ, таҷрибавию саноатӣ;
-
беғаразона ё ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;
-
нигоҳдорӣ, гӯронидан, нобуд намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, безараркунии партовҳо, ки натиҷаи истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ мебошанд;
-
амалиётҳои оид ба воридоту содироти мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда.
Таҳти амали Қонуни мазкур организмҳое, ки бо усули инженерияи генӣ ба даст омада, бо ҳосил намудан, санҷидан ва фурӯхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта пешбинӣ гардидаанд, маҳсулотҳои тозакардашуда, аз ҷумла доруҳои фармасевтӣ, ки барои инсон ва истифода дар соҳаи байторӣ таъин шудаанд, фаъолият оид ба интиқол, новобаста ба тарзи интиқол, инчунин амалиёт оид ба фурӯш ва воридоту содирот, ки бо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд, қарор намегиранд.
Моддаи 5. Талаботи асосӣ оид ба муайян намудани дараҷаи хатари воқеӣ
Вобаста ба дараҷаи хатари воқеӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист, ки ҳангоми амалӣ гардидани намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур ба танзим медарорад, барои системаҳои маҳдуд дараҷаҳои зерини хатар муқаррар карда мешаванд:
-
дараҷаи I - ба фаъолияти дорои хатари начандон зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои ғайрипатогенӣ ё бидуни хатар муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;
-
дараҷаи II - ба фаъолияти дорои хатари кам, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои шартан патогенӣ (касалиовар) муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;
-
дараҷаи III - ба фаъолияти дорои хатари мӯътадил (миёна), ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили гузаронидани сироятҳо муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;
-
дараҷаи IV – ба фаъолияти дорои хатари зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили паҳнкунии инфексияҳои махсусан хавфнок муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд.
Намудҳои фаъолияте, ки бо микроорганизмҳо дар системаи маҳдуд дар ҳаҷме, ки аз тадқиқоти лабораторӣ зиёд аст ва ҳамчунин дар системаҳои кушода амалӣ карда мешавад, ба дараҷаҳои III ва IV- и хатар мансуб аст.
Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ (литсензиядиҳӣ) ба фаъолият дар соҳаи бехатарии биологӣ
(Моддаи 6 хориҷ карда шуд, тибқи Қ ҶТ аз 30.07.07с №330)
Боби II. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо мансубанд:
-
тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар ин соҳа;
-
ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои таъмини бехатарии биологӣ;
-
муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ;
-
равона кардани сиёсат ба нигоҳдории гуногунии биологӣ чун сарвати миллӣ, ки бехатарии биологии мамлакатро таъмин менамояд;
-
таъсис ва тасдиқи Комиссияи миллӣ;
-
иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ
Ба салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо дохил мешаванд:
-
амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ;
-
танзим ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба татбиқи стратегия ва нақшаи миллии амалиёт барои нигоҳдории гуногунии биологӣ;
-
таҳияи лоиҳаҳо ва ташкили кор оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ;
-
тартиб додани маърӯзаҳо, ҳисобот, шиносномаҳои экологӣ, лоиҳаҳои миллии ҳифзи табиат ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат;
-
муайян намудани захираҳои биологӣ;
-
таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии байналмилалӣ ва муқаррар кардани равобит бо ташкилотҳои байналмилалӣ;
-
иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Боби III. Истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд
Моддаи 9. Ташкили фаъолият ва баҳодиҳии хатар дар системаҳои маҳдуд
Барои ташкили фаъолият оид ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд истифодабаранда бояд ба ин фаъолият аз нуқтаи назари хатарнокӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо дода, онро ба яке аз дараҷаҳои хатаре, ки дар қисми 1 моддаи 5 номбар шудааст, нисбат диҳад ва ба Комиссияи миллӣ огоҳномаро пешниҳод намояд.
Ҳангоми баҳодиҳӣ ҷиҳатҳое, ки ба ҷудо кардани партовҳо ва қабули чораҳои зарурӣ барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист дахл доранд, махсусан ба назар гирифта мешаванд.
Баҳодиҳӣ ва дидани чораҳои доир ба муҳофизат, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, бояд давра ба давра, инчунин дар ҳолатҳои зерин аз нав дида шаванд:
-
агар исбот шуда бошад, ки баҳодиҳӣ нодуруст гузаронида шудааст, дар ин ҳолат маълумотҳои нави тадқиқоти илмӣ ё техникӣ ба эътибор гирифта мешавад;
-
ё ин ки дидани чораҳо оид ба ҷудокунӣ комилан мувофиқ нестанд ё дараҷаи муқарраргардидаи хатар барои истифода дар системаҳои сарбаста тағйир ёфтааст.
Моддаи 10. Ахбороти махфӣ оид ба микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Дар огоҳномае, ки ба Комиссияи миллӣ дархосткунанда мефиристад, асосҳои заруриро пешниҳод намуда, нишон медиҳад, ки кадом ахборотро ба сифати ахбори махфӣ баррасӣ намояд.
Қарор дар бораи махфӣ донистани ахборот аз ҷониби Комиссияи миллӣ баъди бо дархосткунанда маслиҳат намудан қабул гардида, дар бораи қарори қабулшуда вай огоҳ карда мешавад.
Ахбороти зерин махфӣ шуморида намешавад:
-
тавсифоти умумии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, ном ва суроғаи дархосткунанда, мақсад ва маҳалли истифодабарӣ;
-
дараҷаи хатаре, ки ба он фаъолият оид ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ва чораҳои оид ба ҷудо кардан (изолятсия) марбут дониста мешаванд;
-
хулосае, ки дар натиҷаи омӯзиши баҳодии хатар барои саломатии инсон ва муҳити зист пешниҳод карда шудааст;
-
тарзу усулҳо ва нақшаи мониторинг, инчунин чораҳое, ки дар ҳолати садама дида мешаванд.
Комиссияи миллӣ ҳақ надорад, ки ба тарафи сеюм ягон ахбороти махфӣ донисташударо фош намояд ва ӯҳдадор аст ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки бо ахбороти ба дастомада алоқаманд аст, ҳифз кунад.
Агар дархосткунанда бо ягон сабаб огоҳномаро бозхонд намояд, Комиссияи миллӣ бояд махфиятро нисбати ахбороти гирифтааш риоя кунад.
Моддаи 11. Санҷиши пеш аз истифодабарии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд
Комиссияи миллӣ пеш аз истифодабарии микрооганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд месанҷад, ки:
-
оё нақшаи таъҷилӣ барои истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд дар мавриди ғайрисамаранок будани чораҳои оид ба ҷудокунӣ метавонад оқибатҳои ҷиддии фаврӣ ва минбаъдаро нисбат ба саломатии инсон ва ё муҳити зист берун аз маҳали ҷойгиршавии дастгоҳ дошта бошад, тайёр карда шудааст;
-
оё дар бораи чунин нақшаҳои таъҷилӣ оид ба ҳатмӣ будани ҳамроҳкунӣ барои истифодабарии чораҳои бехатарӣ ба мақомоти барои пешгирии садама манфиатдор ба таври зарурӣ ахборот пешниҳод намудааст. Ахборот бояд муҳим ва ошкоро бошад.
Комиссияи миллӣ ба мақоми салоҳиятноки дигар мамлакатҳо иттилоотеро, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, мутобиқи қоидаҳои байналмилалии соҳаи мазкур пешниҳод менамояд.
Моддаи 12. Чораҳои огоҳкунӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ
Дар сурати гирифтани ахбороти нав ё ҳангоми тағйир ёфтани шароити истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд, ки он метавонад аз нуқтаи назари хатарҳои эҳтимолӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, истифодагар ӯҳдадор аст дар ин бора фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, огоҳномаро тағйир диҳад.
Агар баъди додани иҷозат Комиссияи миллӣ ахборот гирад, ки истифодаи мазкур дар системаҳои маҳдуд метавонад барои саломатии инсон ва муҳити зист оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, вай бояд аз истифодагар тағйир додани шароити истифодаро талаб намояд ва агар ин талаб иҷро карда нашавад, барои боздоштан ё манъ кардани фаъолият чораҳо бинад.
Моддаи 13. Ӯҳдадории истифодабаранда ҳангоми рӯй додани садама
Дар сурати рӯй додани садама истифодабаранда бояд дар ин хусус фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:
-
иттилоот дар бораи ҳолатҳои садама;
-
маълумот дар бораи намуд ва миқдори истифодашудаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;
-
ҳар гуна иттилооте, ки барои баҳодиҳии оқибатҳои садама нисбати саломатии инсон ва муҳити зист зарур аст;
-
маълумот дар бораи чораҳои дидашуда.
Дар сурати рӯй додани садама Комиссияи миллӣ:
-
дар ин бора фавран аҳли ҷомеаро хабардор намуда, ба дараҷаи хатари ба амаломада барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо медиҳад ва онро нишон медиҳад;
-
ба садама баҳои пурра дода, дар сурати зарурат барои пешгирии чунин садамаҳо дар оянда, инчунин ба оқибатҳои имконпазири чунин садамаҳо роҳ надодан тавсия медиҳад;
-
андешидани чораҳои зуруриро таъмин менамояд ва аз рӯи вазъият ба мақоми салоҳиятноки давлате, ки ба чунин садамаҳо дахл карданаш мумкин аст, фавран хабар медиҳад.
Боби IV. Ба муҳити зист дохил кардани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Моддаи 14. Тартиби ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пеш аз ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо ба мақсади тадқиқот, санҷиш, инкишоф ё дигар мақсад, ба истиснои истеҳсолот барои баровардан ба бозор, бояд ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод намоянд.
Огоҳнома бояд инҳоро дар бар гирад:
-
ҷамъи ҳуҷҷатҳои техникӣ бо ахбороти дар Низомнома пешбинишуда барои баҳодиҳии хатарҳои пешбинигардидаи фаврӣ ё минбаъда организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо барои саломатии одамон ва ё муҳити зист мумкин дошта бошанд;
-
баҳои таъсир ва хатар барои саломатии одамон ва ё муҳити зист, ки бинобар ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё таркиби чунин организмҳо ба вуҷуд омадааст;
-
ё иттилооте, ки дархосткунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он дар бораи натиҷаҳои ворид сохтани чунин организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё чунин таркиби ин организмҳо гирифтааст ва огоҳнома дар ин бора пештар ё дар худи ҳамон вақт дода шудааст.
Комиссияи миллӣ метавонад иҷозат диҳад, ки дар ҷои муайян ба муҳити зист ворид сохтани таркиби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар ҷойҳои гуногун бо ҳамон як мақсад ва дар давраи маҳдуд дар як огоҳнома ба расмият дароварда шавад.
Дар сурати минбаъд дохил кардани ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон таркиби ин организмҳо, ки дар бораи он ҳамчун қисми ҳамон як барномаи тадқиқот (санҷиш) огоҳ карда шуда буд, дархосткунанда бояд огоҳномаи нав пешниҳод намуда, ба он маълумотҳои огоҳномаҳои пештараро ва ё маълумотҳои натиҷаҳои қайдшудаи воридсозиҳои пештараро дохил намояд.
Дар сурати тағйир ёфтани шароити воридсозии мақсаднок, ки он барои саломатии одамон ва ё муҳити зист оқибатҳо дошта метавонад ё пайдо шудани ахбороти нав дар бораи хатар дархосткунанда ӯҳдадор аст:
-
чораҳои дар огоҳнома пешбинишударо аз нав дида барояд;
-
дар ин бора ба Комиссияи миллӣ хабар диҳад;
-
барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист чораҳои зарурӣ бинад.
Агар иттилоот оид ба оқибатҳои зиёди имконпазири ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта баъди гирифтани иҷозати дахлдор аз ҷониби истифодабаранда маълум гардад, Комиссияи миллӣ бояд аз ӯ тағйир додани шароити воридсозиро талаб намояд. Дар сурати итоат накардан Комиссияи миллӣ боз доштан ё манъи ин фаъолиятро талаб мекунад.
Моддаи 15. Тартиби дида баромадани дархостҳо
Дархосткунанда фаъолиятро танҳо баъди гирифтани иҷозат, ки онро Комиссияи миллӣ додааст ва дар сурати риояи шароитҳои муқарраргардидаи он, аз ҷумла оид ба муайян намудани минтақаи бехатарии генетикӣ оғоз карда метавонад. Ҳудудҳои табиӣ, ки давлат ҳифз менамояд (мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва боғҳои ботаникӣ) аз истифода ва паҳн намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта озод буда, ҳудудҳои бехатарии генетикӣ мебошанд.
Агар Комиссияи миллӣ чунин шуморад, ки дархосткунанда таҷрибаи кофии ба муҳити зист дохил кардани организмҳои муайяни аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро дорад, он гоҳ бо назардошти мувофиқати меъёрҳое, ки дар Низомнома муқаррар шудааст, метавонад татбиқи қоидаҳои одии воридсозиро иҷозат диҳад.
Иҷозате, ки Комиссияи миллӣ барои ба муҳити зист ворид сохтани мақсадноки растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро медиҳад, ҳангоми бақайдгирии навъҳо барои санҷиши арзишҳои агрономӣ ва технологӣ ҳатмӣ буда, онро ба мақсади истеҳсол дар ҷумҳурӣ Комиссияи давлатӣ оид ба санҷиши навъҳои растаниҳо ба амал мебарорад.
Ҳамаи навъҳое, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба вуҷуд омада, ба шароитҳои санҷиш ба арзишҳои агрономӣ ва технологӣ мувофиқанд, дар феҳристи навъҳои растаниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Боби V. Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда
Моддаи 16. Тартиби ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда
Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда танҳо дар асоси иҷозате, ки Комиссияи миллӣ мутобиқи талаботи боби lV Қонуни мазкур додааст, сурат мегирад.
Агар фаъолияти оид ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда амалиёти воридоту содиротро фаро гирад, он таҳти амали моддаҳои 18-24 қарор мегирад.
Иҷозате, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар сурати иҷрои шартҳои зерин дода мешавад:
-
мутобиқати ин организмҳо ва маҳсулот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
-
мутобиқати онҳо ба талаботе, ки ба баҳодиҳии хатарҳо барои саломатии инсон ва муҳити зист мансуб аст.
Моддаи 17. Огоҳнома оиди бори нахуст ба бозор баровардани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Пеш аз бори нахуст ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда истеҳсолкунанда ё аз рӯи вазъият воридкунанда ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод менамояд, ки бояд дорои мазмуни зерин бошад:
-
ахбороти дар назар доштаи Низомнома, ки дар он аз ҷумла маълумотҳои ба дастовардаи истифодабаранда дар рафти тадқиқот, санҷиш ва инкишоф ифода ёфта, мутобиқи нуқтаҳои боби IV Қонуни мазкур гузаронида шудааст;
-
баҳои хатар барои саломатии одамон ва муҳити зист;
-
шароити ба бозор баровардани маҳсулот, аз ҷумла шароитҳои хоси истифода ва кору амал, инчунин тавсия оид ба борбандӣ ва нишону тамғазанӣ.
Агар дар асоси натиҷаҳои ягон воридсозӣ ба муҳити зист, ки дар бораи он пештар огоҳ карда буданд ва барои он тибқи талаботи Қонуни мазкур иҷозат гирифта шудааст ё дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дархосткунанда ба хулоса омадааст, ки ба бозор баровардан ва истифода бурдани маҳсулот барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар надорад, вай метавонад дар огоҳнома дар бобати татбиқи қоидаҳои оддии иҷозат хоҳиш намояд.
Дархосткунанда дар огоҳнома маълумотеро, ки дар натиҷаи ба муҳити зист ворид сохтани ҳамин хел организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби организмҳои мазкур ба даст овардааст, дохил менамояд, ки дар бораи он вай пештар огоҳнома додааст ё онро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он амалӣ гардондааст.
Барои ҳар кадом маҳсулоти наве, ки ҳамин хел организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамин хел таркиби организмҳои мазкурро дорад, ё аз онҳо ё аз таркиби онҳо иборат буда, вале барои истифодаи дигар таъин шудааст, огоҳномаи алоҳида фиристонида мешавад.
Боби VI. Воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда
Моддаи 18. Фаъолияти асосӣ оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳатӣ генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда
Фаъолият оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда дар мавридҳое сурат мегирад, ки шартҳои пешниҳоди огоҳнома ва шартҳои иҷозатнома, ки дар моддаҳои 20 ва 21 пешбинӣ гардидаанд, иҷро шуда бошанд, ё талаботи махсус доир ба огоҳнома, мувофиқакунӣ, иҷозатномадиҳӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иҷро шуда бошанд.
Фаъолият оид ба воридоту содирот бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
-
дар сурати зарурат истифода бурдани тартиби ризоияти асосноки пешакии Комиссияи миллӣ мутобиқи моддаи 19 ҳамин Қонун;
-
баҳодиҳии хатарҳо мутобиқи талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур;
-
риояи талабот оид ба тамғаю нишонгузорӣ, интиқол ва кору амал;
-
таъмини мубодилаи иттилоот;
-
паҳн накардани иттилооти махфӣ ва риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ;
-
пешгирӣ намудани ҳамлу нақли ғайриқонунӣ, интиқоли беғаразонаи байнисарҳадӣ ва таъмин намудани қабули чораҳои мувофиқ дар ҳолати рӯй додани ҳолатҳои фавқулодда.
Моддаи 19. Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ
Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ инҳоро дар бар мегирад:
-
муқаррар кардани намудҳои фаъолият, ки нисбати онҳо ин қоидаҳо татбиқ мегарданд;
-
огоҳ намудан дар бораи мақсади ба амал баровардани воридоту содирот;
-
иҷозат додани фаъолият оид ба воридоту содирот;
-
дар сурати зарурат аз нав дида баромадани қарори пештар қабулкардаи Комиссияи миллӣ.
Ба тартиби ризоияти асосноки пешакӣ фаъолияти оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мансуб аст, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
-
истифодаи онҳо дар системаҳои маҳдуд дар миқёси мамлакат;
-
санҷишҳои саҳроӣ дар саросари мамлакат;
-
ғаразнок ворид намудани онҳо ба муҳити зист ва ба бозор баровардан.
Моддаи 20. Огоҳсозии Комиссияи миллӣ
Воридкунандагон пеш аз амалӣ сохтани воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ӯҳдадоранд дар ин бора Комиссияи миллиро огоҳ намоянд.
Комиссияи миллӣ тартиби пешниҳоди огоҳномаро муқаррар намуда, онро ба маълумоти тарафҳои манфиатдор мерасонад.
Дархосткунанда барои дуруст будани ахбороте, ки ба Комиссияи миллӣ мувофиқи дархости он ба тариқи огоҳнома ё бо дигар роҳ пешниҳод намудааст, масъул аст.
Комиссияи миллӣ дар мӯҳлати 90 рӯзи қабули огоҳнома ба дархосткунанда дар бораи қабули он дар шакли хаттӣ тасдиқнома ирсол менамояд.
Моддаи 21. Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот
Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот ба талаботи моддаи 18 ҳамин Қонун, аз ҷумла ба маълумотҳои баҳодиҳии хатарҳо асос карда мешавад.
Комиссияи миллӣ дар мӯҳлати пешбининамудаи қисми 4 моддаи 20 ҳамин Қонун бояд дархосткунандаро огоҳ намояд, ки:
-
воридот мумкин аст бе додани иҷозат бо нишон додани шартҳои он амалӣ гардонида шавад, ё
-
воридот мумкин аст танҳо дар асоси иҷозатномае, ки Комиссияи миллӣ додааст, амалӣ гардонида шавад.
Комиссияи миллӣ дар мӯҳлати 90 рӯз баъди тасдиқи қабули огоҳнома яке аз ин қарорҳоро қабул мекунад:
-
ба амалӣ гардонидани воридот бо шартҳо ё бидуни онҳо бо возеҳ кардани он, ки онҳо барои воридоти минбаъдаи ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз он ҳосилшуда чи тавр татбиқ карда мешавад, иҷозат диҳад;
-
воридотро манъ намояд;
-
мутобиқи Низомнома пешниҳоди иттилооти иловагиро талаб намояд;
-
мӯҳлати қабули қарорро дар даврае, ки барои баҳодиҳии иттилооти иловагии аз дархосткунанда ё дигар манъбаҳо қабулгардида зарур аст, дароз намояд.