Сада - муждадиҳандаи Наврӯз!

  • 17.02.2021 15:42:42
  • Дида шуд

Image Description

Рузи 31 январи соли 2021 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе “Иди Сада” муждадиҳандаи баҳор ва Наврӯз баргузор гардид, ки дар он Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифҳи табиат дастовардҳои худро дар соҳаи гуногунии биологӣ ва ҳифзи муҳити зист муаррифӣ намуданд, дар намоишгоҳ маводҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолият ва дастовардҳо ва филмҳои мустанад дар бораи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он намоиш дода шуданд. Яке аз дастовардҳои муҳим дар намоишгоҳ нақши ҷомеаи маҳаллӣ, ки дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, ва дар ҳифзи экосистемаҳои баландкӯҳ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеаи маҳаллӣ саҳмгузор мебошанд, ки зиндагии онҳо мустақиман бо истифода ва ҳифзи гуногунии биологӣ алоқаманд аст

Дар намоишгоҳ намояндагони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои илмӣ ва донишгоҳҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи варзиш, сайёҳӣ ва фароғат, истеҳсолоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ширкат варзиданд, онҳо маҳсулот ва фаъолияти худро муаррифӣ намудаанд. Бояд қайд намуд, ки иштироки намояндагони ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар, бо пешниҳоди тухмии корам ва ниҳолҳо барои мавсими кишти дарпешистода муаррифӣ кардаанд. Иштирокдорони намоишгоҳо ҳамасола кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки анъанаву маросимҳо ва ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷикро дар ҷашни “Иди Сада” ба ҳамагон нишон диҳанд ва эҳё намоянд.

Бояд гуфт, ки ҷашни “Иди Сада” ҳамчун як муждадиҳандаи Наврӯз рамзи видоъ бо зимистон ва интизориҳои фараҳбахши баҳор аст. Ҷашни “Сада” аз қадимулайём бо гулханҳои боҳашамат ва ботантана таҷлил карда мешавад. Боваре ҳаст: шӯъла ҳар қадар қавитар бошад, замин дар соли нав ҳамон қадар ҳосилхезтар хоҳад шуд.