Ҷаласаи муштарак доир ба омӯзиши матни Паёми Пешвои миллат

  • 05.03.2021 15:03:10
  • Дида шуд

Image Description

Тибқи нақшаи корӣ рузи 5 марти соли 2021 ҷаласаи муштараки муасиссаҳои давлатии зерсохтори Кумита - Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ, Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат доир ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. 
Дар ҷаласа роҳбарон ва кормандони Марказҳои болозикр Акрамов У. Сафаров Н., Шерматов Х., Хошмуҳамедова П. доир ба мафҳуму муҳимияти Паёми Пешвои миллат баромаду суханронӣ намуда, нуктаҳои асосии дар Паём дарҷ гардидаро оид ба дастовардҳои дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, рушди илми экология ва табиатшиносӣ, омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ, тарбияи кадрҳои ҷавонон, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳо ва лоиҳаҳо дар соҳаи муҳити зист суханронӣ карда шуд.
Аз ҷониби Марказҳо  дар асоси нуктаҳои  дар Паёми солонаи Пешвои миллат баёнгашта, Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, барои пешбурди  фаъолиятҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Роҳбарони шӯъбаҳо ва кормандон тасмим гирифтанд, ки дар нақшаҳои кориашон чорабиниҳои амалиро ворид намоянд.