Рузи уммамиҷаҳони озуқаворӣ

  • 21.10.2024 07:45:14
  • Дида шуд

Image Description

Ҳамасола рузи 16 октябр ҳамчун Рӯзи умиҷаҳонии озуқаворӣ таҷлил мегардад. Имсол рузи умиҷаҳонии озуқаворӣ таҳти унвони “Ҳуқуқ ба ғизо” Ҳеҷ кас набояд дар канор монад муайян шудааст. 

Санаи 19 октябри 2024 аз тарафи Созмони Озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (WFP) Рӯзи умумиҷаҳонии озуқаворӣ дар боғи Ирам ш.Душанбе таҷлил гардид. Дар ин чорабинӣ мемонони олиқадр аз вазорату идораҳои дахлдор ва корупусҳои дипломатии ш.Душанбе, намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ва меҳмонон иштирок намудан. Дар доираи ин чорабинӣ намоишгоҳи дастовардҳо дар самти дастрасӣ озуқаворӣ ва ғизои солим ва конкурсу викторинаҳо барои наврасон доир карда шуд.

Дар доираи лоиҳаи ФАО-ГФЭ “Ҳифзи гуногунии агробиологӣ барои амнияти озуқаворӣ ва ғизо”, ки аз тарафи Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад намоишгоҳи мусавараҳо, маводҳои иттилотӣ ва намунаҳои тухмиҳо растаниҳои кишоварзӣ ва авлодони ёбоии онҳо маърази тамошои иштирокдорон гардонида шуд.

Намояндагони сафоратхонаҳои Арабистони Саудӣ, Федератсияи Русия, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои хориҷӣ, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз намоишгоҳи Марказ дидан намуданд ва қайд намуданд, ки захираҳои генетикии маҳаллӣ барои амнияти озуқаворӣ ва ғизо хеле муҳиманд.