23 ОКТЯБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАБРИ БАРФӢ

  • 23.10.2024 09:49:55
  • Дида шуд

Image Description

23 ОКТЯБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАБРИ БАРФӢ

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ бо ибтикори кишварҳое таъсис ёфтааст, ки макони зисти бабри барфӣ мебошанд.

Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ бори аввал 23 октябри соли 2014 ҷашн гирифта шуд. Ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳ ба аҳамияти ҳифзи саршумори бабри барфӣ, муттаҳид кардани кӯшишҳои созмонҳои экологӣ дар кишварҳои қатори бабри барфӣ, инчунин хотиррасон кардани аҳамияти андешидани тадбирҳо барои пешгирии шикори ғайриқонунӣ мебошад.

23 октябри соли 2013 дар Форуми якуми умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ, ки дар Бишкек (Қирғизистон) баргузор шуд, Эъломияи Бишкек оид ба ҳифзи бабри барфӣ қабул карда шуд. Онро намояндагони 12 кишвари бабри барфӣ: Афғонистон, Бутан, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Непал, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон имзо кардаанд.

Бабри барфӣ ё, ки ба таври дигар бо номи паланги барфӣ маълум аст, аз оилаи ширхӯрон гурбаҳост. Ин ҷонвари нодир ба далели камшумораш ва хатари шомил шудан дар қатори навъҳои зери хатари нобудшавӣ ба Китоби Сурхи байналмилалӣ ворид шудааст. Дар айни замон шумораи бабри барфӣ дар ҷаҳон аз 4080 то 6590 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи умумии бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз 350 то 400 сарро ташкил медиҳад.

Дар остонаи ин рӯзи фархунда аз тарафи Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ» таҳти шиори «Бабри барфӣ – ифтихори миллии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он беш аз 250 нафар меҳмонон аз кишварҳои сукунати бабри барфӣ аз ҷумла муовини Сарвазири кишвар, муовини якуми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, намояндагони мақомоти бонуфуз ташкилотхои байналхалқӣ ва миллӣ, олимону мутахассисони коршиносони байналхалкй, намояндагони вазорату идорахо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Дар конфронс оид ба масъалаҳои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ, намудҳои шикории он, усулҳо ва технологияҳои мониторинг ва назорати экосистемаҳои бабри барфӣ бо истифода аз донишҳо ва таҷҳизоти муосир, вазъи ҷангалҳои кӯҳӣ, чарогоҳҳо ва усулҳои ҳифзу истифодаи онҳо маърӯзаю рунамоҳо шунида шуданд. Коршиносони байналмиллалӣ андешаҳо ва дигар маълумоти марбут ба бабри барфӣ, экосистемаҳо ва умуман тадбирҳои ҷории ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори гуногунии биологиро пешниҳод намуданд.

Иштирокчиёни Конфронс аҳамият ва саривақт баргузории ин чорабинӣ, ки дар рафти он масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар макони зисти бабри барфӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мониторинги муштарак ва ташкили системаи ягонаи сабти бабри барфӣ ва ғизои он баҳои баланд доданд. Инчунин масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огаҳии аҳолии маҳал мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони Марказ қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ як қатор барномаю созишномаҳо ба имзо расонидааст, ки ба ҳифзи экосистемаҳо ва намудҳои нодири набототу ҳайвонот, инчунин истифодаи устувори табиат мусоидат мекунанд.

Олимон ва коршиносони байналмиллалӣ оид ба натиҷаҳои ташаббусҳои ҷоришаванда дар сатҳи байналмилалӣ ва дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист – экосистемаҳои бабри барфӣ ва объектҳои шикори он, барқарорсозии ҷангалҳо ва чарогоҳҳо ва дар маҷмӯъ таҷрибаи ҷаҳонӣ ин ва малакаҳо маърӯзаю ҳуҷҷатҳо пешниҳод намуданд.

Дар доираи конфронс намоишгоҳи аксу мусаварҳо ташкил карда шуд, ки дар он дастовардҳои Марказ дар шакли нашрияҳо, китобҳо, албомҳо, расмҳо, намоишгоҳҳои аксҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд. Олимон ва коршиносон дар бораи аҳамияти ҳифзи бабри барфӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ мусоҳибаҳои телевизионӣ пешниҳод анмуданд.