Конфронси байналмилалии "Омӯзиш ва ҳифзи бабри барфӣ дар ҷаҳон. Муттаҳидшавии кӯшишҳо"

  • 26.03.2025 10:37:04
  • Дида шуд

Image Description

Са­наи 13-15 мар­ти со­ли 2025, дар ш. Қазон кон­фрон­си бай­нал­ми­лалии "Омӯзиш ва ҳиф­зи баб­ри барфӣ дар ҷаҳон. Мут­таҳид­ша­вии кӯшишҳо "бар­гу­зор гар­дид, ки дар он зи­ёда аз 180 на­фар иш­ти­рок­чи­ён аз 12 киш­ва­ри маҳали су­куна­ти баб­ри барфӣ иш­ти­рок на­муданд.

Дар раф­ти ко­ри кон­фронс кор­ши­носон, на­мо­ян­да­гони ниҳодҳои дав­латӣ ва ҷоме­аи ҷамъ­и­ятӣ масъ­алаҳои раф­ти омӯзиш ва ҳиф­зи баб­ри барфӣ, таҳдидҳои ак­ту­алӣ ба ин на­муд ва чо­раҳои пеш­ги­риро муҳоки­ма ва бар­расӣ кар­данд.

Ҳай­ати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки дар он на­мо­ян­да­гони Ку­митаи ҳиф­зи муҳити зис­ти наз­ди Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ака­деми­яи мил­лии илмҳои Тоҷикис­тон шо­мил бу­данд, во­бас­та ба масъ­алаҳои си­ёсии мам­ла­кат о­ид ба ҳиф­зи баб­ри барфӣ ва эко­сис­те­маҳои он, вазъи по­пулят­си­яи ба­заи хӯро­каи он ва ди­гар масъ­алаҳои муб­рам маърӯза ва рӯна­моҳо пеш­ниҳод на­муданд.

Бо­яд қайд кард, ки сар­шу­мори баб­ри барфӣ дар Тоҷикис­тон тақри­бан 500 сар­ро таш­кил ме­диҳад, ки ин аз со­лимии эко­сис­те­маҳо ва на­буда­ни омилҳои ни­гарон­ку­нан­да шаҳодат ме­диҳад.

Кон­фронс им­кон дод, ки иш­ти­рок­до­рон бо таҷри­баҳои худ му­боди­ла на­мо­янд, самтҳои ҳам­ко­риро ва­сеъ ку­нанд ва ба ин ва­сила иқти­дори кад­рии му­тахас­си­сон­ро мус­таҳкам ку­нанд.

Кон­фронс нуқтаи иб­ти­доӣ ба­рои оғози ҳам­ко­рии са­мара­нок дар сатҳи миллӣ, мин­тақавӣ ва бай­нал­ми­лалӣ гар­дид.

Дар на­тиҷаи кон­фрон­си бар­гу­зор­гарди­да, иш­ти­рок­чи­ён қаъ­тно­маи нав­ро бо но­ми “Қаъ­тно­маи Қазон” қабул на­мо­янд, ки бо­раи ҳиф­зи баб­ри барфӣ дар ҷаҳон му­со­идат ме­намо­яд.