Дар шаҳри Душанбе Рузи ҳифзи бабри барфӣ таҷлил гардид

  • 28.10.2020 09:51:06
  • Дида шуд

Image Description

Рӯзи 23 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба Рузи ҳифзи бабри барфӣ конфронси амалӣ бо иштироки 50 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷамоатҳои маҳаллӣ доир гардид.

Дар конфронс 5 презентатсияву маърӯзаҳо доир ба ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои Бабри барфӣ, намудҳои шикории он, методу усулҳои мониторинг ва назорати экосистемаҳои он бо истифода аз технология ва таҷҳизотҳои замонавӣ, ҳолати ҷангалҳои баландкуҳ, чарогоҳҳо ва роҳҳои барқарор намудани онҳо, омӯзиши Бабри барфӣ ва қавигардонии иқтидори ҷомеаҳои маҳалӣ ва тарафҳои ҳавасманд, лоиҳаҳои хурди грантӣ, наворҳои видеои ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии устовори пешниҳод гардиданд.

Дар Конфронс роҳбари Раёсати корҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсупов Ҷумахон бо сухани табрикотӣ аз номи Раиси Кумита муҳтарам Шерализода Баҳодур суханронӣ намуда, доир ба сиёсати экологии кишвар дар самти ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ ва муҳити зист, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист сухан ронданд. Қайд гардид, ки доир ба ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ ва намудҳои шикории аз тарафи Куимта як зумра Созишномаҳо ба имзо расонида шудаанд, ки барои ҳфизи экосистемаҳо ва намудҳои нодир набототу ҳайвонот ва анвои гуногунии биологӣ мусоидат менамоянд.

Кормандони Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, Маркази милли амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва Лабораторияи имлӣ тадқиқотии ҳифзи табиат доир ба дастовардҳо дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, барқарорсозии ҷангалзорҳо ва чарогоҳҳо, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои байналмилалӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ бо презентатсияҳо ва маърузаҳо баромад намуданд.

Аз тарафи ҳамшарикон лоиҳа доир ба корҳои амалигардида ва натиҷаҳои бадастомада дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он як зумра баромаду таклифотҳо карда шуданд. Инчунин дар конфронс дастовардҳои лоиҳа дар шакли китобу, албомҳо, мусавараҳо, таҷҳизотҳо нозирӣ дар намоишгоҳ ба маърази тамошои иштирокчиён гардонида шуд.

Дар хотимаи конфронс ҳамшарикони пешқадами лоиҳа барои саҳмашон арзандаашон дар пешбурди корҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои назар дар номинатсияҳои ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, ташфиқоту таблиғот, баланд бардоштани огоҳӣ ва маърифатнокии аҳолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи энергия бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.