Лоиҳаи БРСММ/ФГЭ
«Ҳифз ва идоракунии устувори экосистемаҳои пурарзиши хушкии поёноби ҳавзаи Амударё»
|
Ташкили иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тарзҳои коркард ва нигоҳдорӣ маҳсулот дар мамнуъгоҳҳои хурди растанӣ (МХР) ва ҷангал дар поёноби хушкии Амударё
Нозимов К.
Ташкил ва интихоби минтақаи ҷойгиршави мамнуъгоҳҳои хурди растанипарварӣ (МХР) ҳифз ва ҳимояи ин минтақаҳо дар мамнуъгоҳҳо ва ҷангал боз як тарзи нави хоҷагидорӣ дар истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ нақши муҳимро мебозад. Маҳз дигаргуншавии табиат моро водор месозад, ба ҳамавлодони ёбоии зироатҳо ва меваю сабзавотҳои, ки мудати якчанд асрҳо дар тағйиротҳо аз офат ва дигар таъсироти дигаруншавии иқлим дар экосистема арзи хастӣ намуда, намуд ва авлоди худро нигоҳдошта, то ба замони расидаанд бо усулҳои биоз ҳифз намуда зиёд намоем.
Маҳз ҳифзи ин мамнуъгоҳҳои хурди растанӣ (МХР)-ҳо боис ба мегардад, ки дар ҷангал мева, дарахтон авлоди сабзавотҳои нодир (пиёзи анзур, хоч, кабудиҳои гуногун, гулҳо, хуч ва дигар намудҳо) ҳолати иқтидори нигоҳдошти табии худро афзун гардонда, дар мубориза барои ҳаёт зинда боқӣ монанд, ва аз худ насл диҳанд. Бештари ин иқтидорӣ нигоҳдошташаванда меваю сабзавот, дарахтони ёбоӣ ва гулу растаниҳои ёбоии хосиятҳои табобатӣ ва хуроки чорвоӣ ва маҳсулотҳои гуногуни олами биологӣ ва кишоварзӣ ба шумор мераванд.
Дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳо ва паркҳои табии дар тобеияти МД Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, парваришгоҳҳо ва ҷангалҳо бошанд дар тобеияти Агентии хочагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мақсади асоси ташкил намудани мамнуъгоҳи хурди растаниҳо (МХР) дар минтақаҳои ҳамзисти ҷангал ин бинобар оҳиста - оҳиста аз дигаргуншавии иқлим ва дигар омилҳои гуногуни таъсиррасонии инсон, (буриши ҷангал, аз меъёр зиёд истифода намудани гулу гиёҳҳо) ва таъсири офатҳои табии бодхурдашавӣ, таъсири чорво дар ҷангал ба экосистемаи гуногунии биологӣ авлоди ё хешовандони растаниҳои нодир (зира, пудина, шибит, ҷаъфарӣ, аз дарахтон бошад, тут, себ, олуҳои куҳӣ,кам шуда, ҳама сола ареали ин растаниҳои хурд шуда истодааст. Бо мақсади нигоҳдошту ҳифзи ин растаниҳои нодир дар доираи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузории давлатию ҳориҷӣ, зарурати ҳифзу зиёдкунии минтақаҳои нигоҳдошти авлоди нодири ин растаниҳо дар мамнӯъгоҳҳо ва ҷангалҳои канори рудхонаи
Амударё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақтӣ ба наъфи ҳамагон мебошад.
Мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот
Ҳифзи растаниҳои нодири кишвар дар (МХР)- хурди минтақаҳои ҷангал ё мамнуъгоҳҳои ба чарогоҳҳо табдилёфта ва ҳоло пурра аз даст нарафта, минтақаҳои зебои шаршараю канори дарёю рудҳои куҳӣ, дар хулас минтақаҳои зебои табиат, ки ҳама гуна олами табии ин мавзеъ шакли табиӣашро гум накардааст ё маҳфуз мондааст, дар мавъеъ олами растаниҳои нодир ва гулу буттаҳо ва дарахтон ё чашмаю ландшафтҳо арзи ҳастӣ мекунанд, интихоб карда мешавад. Мамнуъгоҳҳои хурди растанӣ (МХР) чун дигар мамнуъгоҳҳои калон метавонад дар заминҳои чарогоҳҳо, ҷангал, мамнуъгоҳои калон ва боғи милли арзӣ ҳастӣ намояд.
Муҳимияти таҳқиқот
Муҳимияти ин (МХР)-ҳо дар он аст, ки ин ягона минтақаҳои асосии чун пойгоҳҳо барои ояндаи омӯзиши олами гуногунии биологӣ ва махзанҳои парвариши барои нигоҳдории тухмии сабзавотҳо, дарахтони мевадиҳанда, сабзавотҳои сабз ва хушбуйкунандаи саноатӣ, ашёи консервагӣ барои истеъмол ва ашёи доругиҳои табиӣ табобатӣ барои наслҳо метавонад ба илм ва истеҳсолот хизмат намояд. Дар раванди дигаргуншавии иқлим дастраси ба бонки тухмиҳои нодири обутобёфта ба таъсиротҳою мутобиқшавӣ бо технологияи навини асосноккардашудаи дар асоси илм тарзҳои парвариш, давраҳои пӯхтарасӣ, ҳосилғундорӣ, кашонидан, коркард,нигоҳдории маҳсулотҳои коркардшуда, ё тару тозаро дар бар мегирад.
Бунёди мамнӯъгоҳҳои хурди растанӣ (МХР) барои ояндаи корхонаҳои маҳсулоти дорухонаи табиат ва коргоҳҳои нушобаҳои табобатӣ ва ё хушбӯйкунандаҳои хосиятҳои гиёҳдармонӣ ва иловаҳо ба консерваҳои парҳезию хурокворӣ васеъ хизмат карда метавонад.
Шаклҳои интихоби ҷой, ташкил ва идораи мамнуъгоҳҳои хурди растанӣ (МХР) пешниҳод карда мешавад.
- 1.Интихоби ҷои (МХР) макон ва мавзеъҳое ба шумор меравад, ки микдори растаниҳои нодир пурра барҳам нахурда, имқониятҳои барқароршавӣ дар мӯҳлатҳои на кам то 7 сол барои дарахтон, инчунин барои гулу гиёҳи табиӣ хосиятҳои шифоӣ дошта, ё аҳаммияти саноатӣ дошта, то 5сол барқарор гашта, аз он манфиатҳои иқтисодӣ ба даст оварда мешавад.
- Мамнуъгоҳҳои хурди растанӣ куҳҳо, ҷангалҳо ва мамнуъгоҳҳои калонӣ масоҳаташ калон, боғи миллӣ бо андозаҳои масоҳаташон то 30-50 га бунёд ва ё барқарор барои алоҳида гӯруҳи растаниҳои нодири ёбоӣ, ки хосиятҳои гуногунии биологӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва истеъмолию истеҳсолӣ ва илмӣ доранд, дар асоси қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои Ҳифзи муҳити зист, истифодаи ҷангал ва Кодекси замин амалӣ карда шавад.
- Барои истифода бурдани ин мавзеъ аз дастовардҳои навини илмию амалӣ дар якҷоягӣ бо мутахасисони ба соҳаи истифодабарӣ маълумоти миёна ё олӣ доштаи кишоварзӣ ва биологӣ ҷалбшуда, фаро гирифта шавад. Шахсони ғайри мутахассис ба дигар соҳаҳо ба корҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ҷалб карда шавад.
Дар раванди баҳодиҳи оиди ташкили мамнӯъгоҳҳои хурди растаниҳо (МХР) дар хоҷагии ҷангали Сари Хосор мавзеъҳои бисёр барои ташкили ниҳолхонаҳои пиёзи анзур, олую себи ёбоӣ, писта, бодом, зилол, фарк, дӯлонаю тут чормағз сари вақтӣ мебошад. Равандҳои омӯзиши технологияи нигоҳдорӣ ва коркард дар экоситемаи истеҳсолию истеъмолӣ аз маҳсулотҳои ҷангал тайёршаванда ба истифодабарандагони ҳамзистӣ ҷангал бениҳоят зарур аст.
Барои талаф наёфтан ва ҳифзи маҳсулотҳои ҷангал, ки аз минтақаҳои душвору шароити нақлиёти надошта, кашонидан оварда мешавад, ин боис ба он мегардад,ки маҳсулотҳоро ба минтақаи аҳолинишин кашонда, сипас коркард намоянд.
Рафти коркард бинобар сабаби надонистан ё надоштани донишҳои мукаммали истеҳсолӣ ва дастурамалҳои корӣ боис ба он мегардад,ки маҳсулотҳоро нодуруст коркард кунанд ва ашёи ба коркард фарогирифта шуда, моҳият ва арзиши ғизоии худро гум намояд.
Ин хел мисолҳо дар истеҳсоли маҳсулотҳо аз чукурӣ (ревоҷ) ба ҷои дар намак хобонидан истифодаи шакаро афзалият додаанд, натиҷаи дегусстасия ба он овард, ки шарбат ё нӯшокӣ танҳо ба нушокии маъмули монанд ва пораҳои чукурӣ бошанд мулоим гашта хосияти хурданбобиашро гӯм кардааст.
Дар ин масъала албатта барои хуб ба роҳ мондани истеҳсолот ба истеҳсолкунандагони консерваҳо аз (ревоҷ номи таҳҷоӣ) чукрӣ тавсияҳо пешкаш кардем. Маҳсулотҳои коркардшудаи ҷангалро зарур аст.ки барои истифодаи хонаводагӣ барои мардуми дар минтақаҳои ҳамзисти (МХР) тарзҳои дурусти омодасозиро ё ташкили дастурамалҳои коркардро ба аҳолӣ омӯзонда шавад.
Хулоса ва пешниҳод
1. Нигоҳдории меваҳои ҷангал сар карда, аз давраҳои пӯхтарасӣ то истеъмол дар мавзеъҳои коркард, амборҳои нигоҳдории кутоҳмудат ва доимиро хос ба минтақаи ин мавзеъҳо сохта, реҷаҳои нигоҳдориро таҳя ва тартиб дода шавад. Ин инфрасохтор боис ба он мегардад, ки бозорҳои кишвар ҳамеша аз меваҳои тару тозаи аз ҷиҳати экологӣ тозаю пурарзиш фаро гирифта шавад.
2. Дар соҳаи коркарди маҳсулоти ҷангал бисёр вақтҳо аз боғҳои навташкилкардашудаи (МХР) истифода бурда, дар ҳадафи рушди иқтисодиёти кишвар саҳм мегузорем. Ин боғҳо ҳамчун боғҳои модари барои бунёди боғҳои ҷангал ба шумор рафта, ё ҳамчун манбаи ашё барои корхонаҳои коркарди
нушобаю ашёи дорувориҳои дорухонаи табиат истифода бурда мешавад.
3. Растаниҳои алафи бошад, барои гиёҳдармонӣ, доруворӣ, ё ҳамчун адвиётҳо дар соҳаи хурокворӣ истифода карда шуда зиёд мегардад. Арзиши гизоӣ таркиби хуроквориҳои тайёршаванда дар сурати илова намудани ин адвиётҳо пурарзиш гашта, хуштамъ мегардад. Дар сурати хушконидан ва ба қуттиҳо ҷойугир карда ба фурӯш баровардан даромади хонаводагиро афзун мегардонад.
Мушовири ТҶ “Қарасу” Нозимов К.
Санаи нашр 10 июни соли 2025
|