Семинари минтақавӣ дар ш. Чолпон-Ата, Қирғизистон

  • 26.09.2025 12:48:11
  • Дида шуд

Image Description

8–9 сентябри соли 2025 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон семинари минтақавӣ таҳти унвони «Ҳифз ва истифодаи оқилонаи мавзеъҳои обӣ ва ботлоқзор дар доираи Конвенсияи Рамсар» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон, ҳамчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баргузор шуд.

Ҳадафи асосии семинар — баррасии масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи устувори заминҳои ботлоқзор дар чаҳорчӯби Конвенсияи Рамсар мебошад.

Семинар бо дастгирии GIZ (Лоиҳаи «Осиёи Марказии сабз: Фазаи II»), Ташаббуси минтақавии Рамсар ва дигар шарикон ташкил гардида, дар баробари муҳокимаҳои илмӣ ва коршиносӣ, боздид аз Мамнугоҳи давлатии тиббии Иссиқкӯл сурат гирифт.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист иштирок ва бо рӯнамоҳо баромад намуданд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои ворид намудани мавзеъҳои обию ботлоқии афзалиятноки кишвар ба рӯйхати Рамсар, нақшаи амал, мониторинги иқлим ва нақши ин мавзеъҳо дар ҳифзи гуногунии биологӣ пешниҳод гардид.

Дар анҷоми чорабинӣ, қатъномаи муштарак қабул шуд, ки дар он зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи экосистемаҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди иқтидори мутахассисон ва ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ таъкид гардид.