Фестивали Бабри барфӣ дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Ш.Шоҳин таҷлил гардид

  • 25.10.2021 15:54:55
  • Дида шуд

Image Description

Ҳарсола рӯзи 23 октябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи бабри барфӣ таҷлил карда мешавад

Санаи 23 октябри соли 2021 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ дар доираи лоиҳаи БРСММ/ФГЭ “Нигоҳдорӣ ва истифодабарии устувори экосистемаҳои Помиру-Олой ва Тён-Шон барои нигоҳдории бабри барфӣ ва устувории некуаҳолии ҷомеаҳои маҳалӣ” дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шамсидини Шоҳин фестивали бабри барфӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ш.Шоҳин, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва оҳолии маҳалӣ доир карда шуд. 

Таҷлили фестивал бо пардабардорӣ аз рӯи муҷасамаи бабри барфӣ дар даромадгоҳи мамнуъгоҳи Даштиҷум дар ҳолати тантанавӣ оғоз гардид. Дар майдони варзишии деҳаи Саричашма намоиши дастовардҳои мардум, намоиши расму мусавараҳои табиат ва ҳайвоноту набототи нодири ин минтақа ба маърази тамоишои иштирокдорон карда шуд.

Дар фестивал Раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Гулзода З. бо сухани ифтитоҳи бармад намуда, иштирокчиёни фестивалро хайрамақдам гуфтан, баъдан муовини Раси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо, рохбари маркази БРСММ доир ба амалигардони ва иноватсия дар Кулоб Гулиев Абдулло, роҳбари Маркази миллии гуногуни ва бехатарии биологӣ Акрамов Убайдулло ва меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои Испания, Германия, Эрон ва Афғонистон баромаду суханронӣ намуданд.

Дар фестивал аз рӯи номинатсияҳои шеъри беҳтарин, суруди беҳтарин, саҳнаи беҳтарин ва ҳунарҳои мардумӣ дар байни мактабачагони маткатбҳои деҳаи Саричашма озмунҳо эълон гардида, ғолибони озмун расму мусавараҳо, шеру сурудҳо, саҳначаҳои театрӣ доир ба абиату ҳифзи ҳайвоноти нодири пешкаши иштирокдорон гардонида шуданд ва ғолибон бо туфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.