Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор шуд

  • 03.12.2021 12:00:44
  • Дида шуд

Image Description

Дар ҳошияи нишасти 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ҷаласаи корӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал баргузор гардид. Дар ҷаласа мутахассисон ва намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. Зимни вохӯрӣ дар бораи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хадамоти ҷангали Корея оид ба тадбиқи ташаббусҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал муаррифӣ ва гузоришҳо пешниҳод карда шуд. Дар ҷаласа инчунин мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ ва Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зисти Кумита иштирок намуданд. Вобаста ба салоҳият ва доираи фаъолият оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти омӯзиши гуногунии биологии экосистемаҳои ҷангалӣ дар Тоҷикистон, масъалаҳои таҳкими иқтидори мутахассисони соҳаи ҷангал, гузаронидани чорабиниҳо оид ба барқарорсозӣ ва ҳифзи экосистемаҳои ҷангал, зиёд намудани иқтидори мутахассисони ҷавон аз ҳисоби донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолии кишвар ва дигар самтҳои афзалиятноки рушд ва идоракунии устувори экосистемаҳои ҷангал баромаду суханрониҳо карда шуд.