Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ (сайд-ивент) доир ба “Минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ” дар ҳошияи иҷлосияи Мақоми ёрир

  • 31.03.2022 18:26:48
  • Дида шуд

Image Description

Са­наи 17 мар­ти со­ли 2022 кор­мандо­ни Ку­митаи ҳиф­зи муҳити зис­ти наз­ди Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар чо­раби­ниҳои ка­норӣ (сайд-ивент) до­ир ба масъ­алаи ҳиф­зи мин­тақаҳои ка­лидии гу­ногу­нии би­ологӣ, ки дар ҳоши­яи иҷло­си­яи Мақоми ёри­расо­ни Кон­венси­яи СММ о­ид ба гу­ногу­нии би­ологӣ до­ир гашт иш­ти­рок на­муданд.

Дар ҷаҳон 36 мав­зеҳои ар­зишнок ва мин­тақаҳои ка­лидии гу­ногу­нии би­ологӣ му­ай­ян кар­да шу­да­анд, ки ҳам­чун ма­кони зис­ти на­боти но­диру ка­мёфт ва на­мудҳои эн­де­микӣ му­ай­ян кар­да шу­да­анд, ки ҳад­ди аққал дар онҳо 1500 на­муди рас­та­ниҳои эн­де­микӣ мавҷуданд ва зиёда аз 70% фло­раву на­бото­ти ас­лии та­би­ии худ­ро гум кар­да­анд.

Дар раф­ти ҷала­са та­рафҳо ба му­вофиқа ома­данд, ки мин­тақаҳои ка­лидии гу­ногу­нии би­ологӣ ҳам­чун сам­ти асо­сии ҳиф­зи гу­ногу­нии би­ологӣ дар ҳада­фу ва­зифаҳои Бар­но­маи гло­балии ҳиф­зи гу­ногу­нии би­ологӣ то со­ли 2030 во­рид кар­да ша­ванд ва киш­варҳои аъ­зои Кон­венсия уҳда­доранд, ки ҳиф­зу ис­ти­фодаи оқило­наи ин мин­тақаҳоро таъ­мин на­мо­янд.