Иштирок ва баромади ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сессияи пленарии чаласаи 3-юми Мақоми ёрирарасон оид ба татбики Конвенсияи СММ оид ба гуногунии био

  • 31.03.2022 18:29:38
  • Дида шуд

Image Description

Рузи 18 марти соли 2022 Сессия пленари чаласаи 3-юми Мақоми ёрирасон оид ба татбики Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологи (SBI-3) бо роҳбарии хонум Шарлота Сорквист оғоз гардида, дар он масъалаҳои Нақши гендерӣ, Хамкориҳо бо дигар Конвенсияҳо, Рушди иктидор ва Мутобикат ба ҳадафхои пас аз соли 2020 баррасӣ гардиданд.

Масъалаи гендерӣ, яке аз масъалаҳои муҳими Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологи ба ҳисоб рафта, пешниход гардид, ки ин масъала дар Барномаи глобалии қолибӣ доир ба гуногунии биологӣ баъд аз соли 2020 ворид карда шавад ва дар сатҳи миллӣ масъалаи гендерӣ ва саҳми занон дар  ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ аз ҷониби Тарафхои Конвенсияи дар амал татбиқ карда шаванд.

Дар рафти Сессияи пленарӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда ва хуҷҷатхои пешниҳодшуда таклифҳои худро пешниҳод намуданд.