Баромади ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи корӣ (WG2020-3) оид ба иттилооти пайдарпайии рақамӣ барои захираҳои генетикӣ ва лоиҳаи

  • 31.03.2022 18:37:46
  • Дида шуд

Image Description

21 марти соли 2022 ҷаласаи пленарии гурӯҳи корӣ оид ба иттилооти пайдарпайии рақамӣ барои захираҳои генетикӣ таҳти раёсати Роҳбари гурӯҳи корӣ ҷаноби Ҳесикио Бенитез кушода шуда, ба муҳокимаи ҳуҷҷати CBD/WG2020/3/4Add1 барои конфронси тарафҳои Конвенсия равона гардид.

Дар баромади ҳайати гурӯҳи Тоҷикистон масъалаи иттилооти пайдарпайии рақамӣ барои захираҳои генетикӣ ҳамчун яке аз самтхои муҳим барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва сарватҳои генетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, доир ба ин масъала пешниҳодҳо ва таклифотҳо ба ҳуҷҷати пешниҳодшудаи хотимавӣ ворид карда шуд.