Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Пленарии Мақомоти ёрирасон оид ба машварати илмӣ, илмию-технологии Конвенсияи гуногунии биологӣ (SBSTTA-24) Жен

  • 31.03.2022 18:49:52
  • Дида шуд

Image Description

Имрӯз 23 марти соли 2022 ҷаласаи Пленарии SBSTTA-24 дар Женева баргузор шуд, ки дар он ҳуҷҷатҳо оид ба намудҳои инвазивии бегона - CRP 7, гуногунии биологии баҳрӣ ва соҳилӣ - CRP.2, Барномаи глобалии гуногунии биологӣ пас аз 2020 ва Барномаи кории IPBES - L .4. мавриди баррасӣ ва муҳокимаи иштирокдорон қарор дода шуданд.

Ҷаласаро Президенти COP-15 ва Намояндаи Котиботи КОнвенсия, Раиси SBSTTA ҷаноби Бенетес Диас ифтитоҳ гардида, ба иштирокчиён ҳуҷҷатҳои таҳия гардида барои баррасӣ ва муҳокима пешниҳод гардиданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсир ва таҳдиди намудҳои бегонаи инвазивӣ ба гуногунии биологӣ ва Барономаи глобалии чаҳорчӯбаи гуногунии биологӣ баъд аз соли 2020 пешниҳоду таклифотҳо намуданд.