Вохӯрӣ бо ташкилоти Avaaz оид ба ҳамкориҳо доир ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва сафарбаркунии захираҳои молиявӣ дар шаҳри Женева, Швейтсария

  • 31.03.2022 18:54:15
  • Дида шуд

Image Description

23 марти соли 2022 ҳайати Чумхурии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилоти «Avaaz» оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи гуногунии биологӣ ва сафарбаркунии захираҳои молиявӣ дар доираи Барномаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ баъди соли 2020 мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот намояндаи ин ташкилот хонум Лусианна Вайн дар бораи фаъолияти ташкилот маърӯзаи кӯтоҳ намуда, дар доираи барномаи Конфронс ҳуҷҷати омодагашта, ки ҳадафҳо ва асосҳо, аз ҷумла маблағгузори ва сафарбарнамоии захираҳои молиявӣ пас аз соли 2020-ро дар бар мегирад, муаррифи намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои афзалиятнок дар доираи Конфронси мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки ба сафарбар намудани захираҳо ва механизмҳои молиявӣ барои коҳиши талафоти гуногунии биологӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои бо Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Ҳайати Чумхурии Тоҷикистон дар бораи вазъи гуногунии биологӣ, минтақаҳои ҳифзшавандаи кишвар ва ташаббусҳои ҷорӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ, тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим маълумоти мухтасар доданд.

Ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ташаббусҳои минтақавӣ дар доираи Барномаи ҷаҳонии гуногунии биологӣ пас аз соли 2020 ба мувофиқа расиданд.