Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Пленарӣ оид ба баррасии самаранокии равандҳо дар доираи Конвенсия ва протоколҳои он Женева, Швейтсария

  • 31.03.2022 18:56:22
  • Дида шуд

Image Description

24 марти соли 2022 ҷаласаи Пленарӣ оид ба баррасии самаранокии равандҳои иыроиши Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он, ки таҳти раёсатии хонум Шарлотта Сорквист намояндаи Котиботи Конвенсия оғоз гардид.

Дар ҷаласаи пленарӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда оид ба самаранокии татбиқи Конвенсия ва протоколҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифта, кишварҳои иштирокчӣ оид ба беҳтар намудани татбиқи Конвенсия ва протоколҳои он дар шароити пандемия ва баргузории ҷаласаҳои маҷозӣ ва гибридии Конвенсия ва протоколҳои он як қатор пешниҳоду тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Ҳайати Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки мулоқотҳои шахсӣ ва рӯ ба рӯ бо назардошти ҷуғрофияи минтақа ва вақти баргузории вохӯриҳо нисбат ба ҷаласаҳои маҷозӣ барои иҷрои саривақтии ҳадафҳои Конвенсия ва протоколҳои он муассиртаранд.