Конфронс дар мавзӯи «Муҳофизати Бабри барфӣ тавасути самаранок идора намудани муҳити зист”

  • 15.05.2020 19:15:12
  • Дида шуд

Image Description

Рузҳои 29-31 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз тарафи Маркази милии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ дар ҳамбастагӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид ва Фонди Оғохон доир ба Муҳити атроф конфронс дар мавзӯи «Муҳофизати Бабри барфӣ таввасути самаранок идора кардани муҳити зист” бо иштироки 60 нафар намояндагони вазорати идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаҳои маҳалӣ доир гардид.

Дар конфронс зиёда аз 20 презентатсияву маърузаҳо доир ба ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои Бабри барфӣ, намудҳои шикории он, методу усулҳои мониторинг ва назорати экосистемаҳои бабри барфӣ бо истифода аз технология ва таҷҳизотҳои замонавӣ, ҳолати ҷангалҳои баландкуҳ ва чароггоҳҳо ва роҳҳои барқарор намудани онҳо, омузиши Бабри барфи ва қавигардонии иқтидори тарафҳои ҳавасманд ва дигар мавзуҳои оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии устовори он шунида шуда ва муҳокимарони шуданд.

Дар Конфронс муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина бо сухани ифтитоҳи баромад намуда, доир ба сёсати кишвар дар самти ҳифзу нигоҳдори гуногунии биологӣ ва муҳити зист, ташаббусҳои ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат гуфта гузаштанд. Қайд гардид, ки доир ба ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он протоколи махсуси ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ташвиқу тарғиби намудҳои нодири  кишвар чораҳои заруриро андешанд.

Кормандони Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ ва Лабораторияи имлӣ тадқиқотии ҳифзи табиат доир ба дастовардҳо дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои байналмилалӣ, ки дар ҷаласаи чоруми Кумитаи Глобалии Ҳифзи Экосистемаҳои Бабри барфӣ дар шаҳри Делии Ҳиндустон доир гардид презентатсияҳо пешниҳод намуданд.

Рузи дуюми конфронс нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ баррасӣ гардида дар гурӯҳҳои корӣ иштирокчиёни конфронс самтҳои афзалиятноки ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории онро мавриди муҳокима қарор дода як зумра пешниҳоду таклифотҳо ба нақшаи миллӣ ворид намуданд.

Рузи сеюми конфронс бахшида ба ҷашни Рӯзи ҳифзи Бабри барфӣ буд ва иштирокчиён бо презентатисиву маърузаҳо доир ба ҳифзи экосистемаҳои барфӣ ва огоҳнамоии ҷомеаҳо баромад намуданд ва баромадҳои беҳтарин бо туҳфаҳои арзандаву хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар хотима конфронс ҳуҷҷати хотимавии конфронс (резалютсия) қабул гардид, ки дар он афзалиятҳо ва фаъолиятҳои минбаъда ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри бафӣ ва намудҳои шикории он ва Нақшаи амали миллӣ доир ба ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои Бабри барфӣ дар якҷоягӣ қабул гардид.