Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-4) дар шаҳри Найроби, Кения

  • 24.06.2022 21:03:13
  • Дида шуд

Image Description

Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 4-ми Гурӯҳи кории Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ (WG2020-4), ки аз 21 то 26 июни соли 2022 дар шаҳри Найробии Кения баргузор гардида истодааст, иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур дастгирии ҷонибҳо ва ҷонибҳои манфиатдор дар мубоҳисаҳо ва гуфтушунидҳои онҳо дар ҷаласаи чоруми Гурӯҳи корӣ (WG2020-4) ба хисоб рафта, як қатор ҷаласаҳои иттилоотӣ аз ҷониби коршиносони асосии техникӣ бо дастгирии Котибот оид ба масъалаҳои марбут ташкил карда мешаванд.

Ҷаласаи болозикр таҳти роҳбарии Котиби иҷроияи Конвенсияи гуногунии биологӣ оғоз гардида, масъалаҳои: Чорчубаи Мониторинги Иттилоотӣ; Маълумоти илмӣ дар бораи ҳадафҳо ва мониторинг ҷиҳати дастгирии гуфтушунидҳои чаҳорчӯбаи гуногунии биологии глобалӣ пас аз соли 2020; Дурнамо оид ба дастгирии гуногунии биологии GEF-8; Стратегияи гуногунии биологии GEF-8 ва аз Шарм-эл-Шайх то Кунмин Барномаи амал табиат ва инсон - гузаштан аз ӯҳдадориҳои гуногунии биологӣ ба татбиқи иқтисодиёти воқеӣ ба баррасӣ ва ба нақша гирифта шудаанд.