Ҷаласаи кории Гурӯҳи байниидоравии оид ба баррасии масъалаи таҳияи Барномаи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • 19.02.2024 14:46:21
  • Дида шуд

Image Description

Ҷаласаи кории Гурӯҳи байниидоравии оид ба баррасии масъалаи таҳияи Барномаи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рузи 15 декабри соли 2023 дар меҳмонхонаи «Руми»-и шаҳри Душанбе аз тарафи Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) дар доираи лоиҳаи “Ҳифзи гуногунии агробиологӣ барои устувории амнияти озуқаворӣва ғизо дар Тоҷикистон” ҷаласаи кории Гурӯҳи байниидоравии оид ба баррасии масъалаи таҳияи Барномаи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 35 нафар намояндагон аз вазорату идораҳо ва коршиносон доир карда шуд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо ифтитоҳ намуданд. Дар баромади худ Қиёмзода З. моҳият ва зарурияти ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии растанӣ барои озуқаворӣ ва ғизоро қайд карданд. Таҳкид гардид, ки Барномаи миллии ҳифзи гуногунии агробиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегии барои танзими ҳифзи захираҳои ирсӣ генетикӣ ва гуногунии агробиологӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ хеле зарур аст.

Дар рафти ҷаласа маърӯзачиён оид ба гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикии Тоҷикистон, таҳдиду монеаҳои мавҷуда ва чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ҷиҳати таҳияи Барнома маърӯзаю баромадҳо пешниҳод намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистонӣ аз гуногунии биологӣ ва захираҳои генетикӣ бой буда, 70%-и аҳолии кишвар аз захираҳои табиӣ ва захираҳои ирсӣ вобаста буда, маҳсулоти гуногунии агробиологӣ асоси амнияти озуқаворӣ ва таъмини устувори рӯзгори манотиқи кӯҳистонӣ мебошад.

Иштирокчиёни семинар аҳамияти таҳияи Барномаи гуногунии агробиологиро барои таъмини ҳифзи гуногунии агробиологӣ муҳим ва саривақтӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим арзёбӣ намуданд ва як зумра пешниҳоду таклифотҳо дар самти такмили қонунгузорӣ доир ба гуногунии агроиологӣ, омӯзишҳо барои хоҷагидорон дар самти ҳифзи захираҳои генетикӣ, ташкили Бонкҳои тухмӣ, омӯзиши занҷираи нархҳо барои ҳифзи зироатҳои маҳаллӣ кишоварзӣ ва рушди бозор пешниҳодҳо намуданд.